Ҳисобот №. 54677-TJ Ҷумҳурии Тоҷикистон Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар: Шарҳи мухтасар Дар ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон: ҳавасманд намудани ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ январи соли 2011 Шӯъбаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва идоракунии иқтисодӣ Минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ҳисоботи Бонки Умумиҷаҳонӣ Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар ШАРҲИ МУХТАСАР ДАР ҶУСТУҶӮИ РОҲҲОИ ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДӣ ДАР ТОҶИКИСТОН: ҲАВАСМАНД НАМУДАНИ ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ХУСУСӣ 1. Дар ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПСК) барои солҳои 2010 – 2012, Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи дучанд гардонидани ММД-ро дар давоми даҳсоларо дар назди худ гузошт. . Тоҷикистон бешак иқтидори таъмин намудани суръати афзоиши зиёда аз 7 фоиз дар як солро (суръати афзоише, ки дар солҳои пеш кишвар ба даст оварда буд) дорост, аммо ноил гаштан ба нишондоди мазкур осон нест. Имкониятҳои таъмин намудани рушди иқтисодӣ, ки метавонистанд рушди дар солҳои таназзу- ли иқтисодии 90-уми асри гузашта аздастдодаро ҷуброн кунанд, асосан истифода шудаанд. Айни замон, шароитҳои беруна нис- бат ба даҳсолаи қаблӣ камтар мусоиданд ва таъмин намудани баъзе аз омилҳои рушди иқтисодӣ, ки дар гузашта аз солҳои 90- ум оғоз карда барои афзоиш мусоидат мекарданд, аз имконият берун аст. Бо вуҷуди ин, талошҳои Ҳукумати ҶТ, ки ба фароҳам овардани шароитҳои бештар мусоид ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ, содирот ва баланд бардошта- ни сатҳи шуғли аҳолӣ равона шудаанд, аз ҷумла дастгирӣ аз ҷониби доираҳои соҳибкорӣ ва шарикони Тоҷикистон дар самти мусоидати рушд метавонистанд амалӣ намудани ҳадафи маз- курро таъмин намоянд1. 1 Илова бар ин, Ҳукумати ҶТ рағбати калони худро ба ноил шудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд дар давоми даҳсолаи охир нишон дод. Шарҳи мухтасар | 3 Ҷумҳурии Тоҷикистон 2. Дар давоми даҳсола ки аз соли 2000-ум оғоз меёбад, барқароршавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бӯҳрони вазнини иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта мушоҳида мешуд. Нишондодҳои макроиқтисодӣ беҳтар шуданд. Сатҳи таваррум аз 30-40 фоиз, яъне аз сатҳи солҳои навадуми асри гузашта то 6–7 фоиз поён фуромад, ки хоси миёнаи даҳсола аст, ки аз соли 2000 оғоз меёбад. Ғайр аз ин касри буҷети давлатӣ коҳиш ёфт, кас- ри суратҳисоби амалиётҳои ҷорӣ ва ҳаҷми қарзи беруна бошад то сатҳи беш аз имконпазир коҳиш ёфт. Дар муддати солҳои аз 2000 то 2008, афзоиши солонаи ММД-и воқеӣ қариб ки 8 фоиз- ро ташкил медод (аммо, ба дучанд шудани ММД ба сари аҳолӣ, нишондиҳандаи мазкур ҳанӯз ҳам дар сатҳи поёнтар аз оне, ки то оғози давраи гузариш буд, қарор дорад). Ҳиссаи аҳолии камби- зоат ба таври назаррас хурд шуд (аз 72 фоиз, яъне аз сатҳи соли 2003 то 54 фоиз, тибқи маълумоти соли 2007, ва то 47 фоиз аз руи маълумоти соли 2009), илова бар ин, зиёда аз миллион на- фар аҳолӣ аз категорияи камбизоат баромад. Дар ҳамин давра, ҳиссаи аҳолии ба категорияи бениҳоят камбизоат аз 42 фоиз то 17 фоиз коҳиш ёфт. Нишондодҳои хусусияти иҷтимоидошта низ беҳтар гаштанд (масалан, сатҳи фарогирии аҳолӣ бо маълумоти ибтидоӣ ва миёна дар мактаб, сатҳи фавт дар байни тифлони то яксола ва инчунин шумораи кӯдаконе, ки бо ғизои хуб таъмин нестанд). 3. Бо вуҷуди ин, таконҳои солҳои аз 2007 то 2009 боиси та- наззул дар иқтисодиёти кишвар гаштанд. Аз сабаби паст шудани нархи ҷаҳонии пахта ва алюминий дар қиёс бо нархҳои озуқаворӣ ва сӯзишворӣ (дар соли 2007, ҳаҷми даро- мад аз фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта 17 фоизро ва аз фурӯши алюминий бошад, 63 фоизи ҳаҷми умумии ҳамаи даромадҳои содиротиро ташкил дод) савдои берунаи Тоҷикистон рӯ ба таназзули назаррас ниҳод. Дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки дар охири соли 2008 кишварҳоеро, ки бо Тоҷикистон 4 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар шарикони савдо мебошанд фаро гирифт, даромадҳо аз содироти алюминий дар давоми ду сол то соли 2009 ба 46 фоиз коҳиш ёфта нархи гардиши мол дар соҳаи пахтакорӣ ба 28 фоиз поён фуро- мад. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба камшавии интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба зиёда аз 30 фоиз оварда ра- сонид. Қисми даромади буҷети давлатӣ ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфт ва ба мушкилоти зиёд дар самти хароҷотӣ давлатӣ овар- да расонид. Ҳаҷми қарзҳои бесамар дар соҳаи бонк ба теъдоди рекордӣ расид. Дар соли 2009, сустшавии афзоиши иқтисодӣ то сатҳи 3,9 фоиз ба қайд гирифта шуд, ки аз нишондодҳои солонаи давраи 2000 – 2008 пасттар мебошад. Ҳатто чунин суръати пасти афзоиш танҳо ба туфайли шароитҳои мусоиди боду ҳаво, ки ба зиёдшавии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ мусоидат карданд, таъ- мин шуда буд. 4. Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди барқароршавии иқтисодиёт баъди бӯҳроне чанде пеш рӯй дода мушоҳида мешавад. Дар соли 2010, қисман аз сабаби он ки дар нимсолаи аввал суръ- ати афзоиш дар натиҷаи афзоиши истеҳсолот дар соҳаи энерге- тика, сохтмон ва саноати коркард, аз чумла аз ҳисоби ҳаҷми ба кишвар воридшавандаи воситаҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ва афзоиши содирот ба 7 фоиз расида дода буд, афзоиши ММД-и воқеӣ дар сатҳи 6,5 фоиз пешбинӣ мешавад. Дар баробари зиёд- шавии ҳаҷми содироти дигар маҳсулоти кишоварзие, ки бо пар- вариши пахта алоқаманд нест, дар муқоиса бо давраи бӯҳронӣ, нархи пахта ва алюминий афзоиш ёфт. Бино ба ҳаҷми аз меъёр зиёди ӯҳдадориҳои қарзӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва мушкилоти алоқаманд бо корхонаҳои давлатӣ, нишондодҳои самаранокии соҳаи бонк ҳанӯз дар сатҳи паст қарор доранд. Дигар масъалаи муҳим барқарорсозии эътимод аз ҷониби бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад. Ба оғози раванди афзоиши даромадҳои давлатӣ нигоҳ накарда, бо назардошти ҳаҷми нисбатан калони қарзи давлатии беруна, вазъияти буҷети давлатӣ ҳанӯз ҳам осебпазир мемо- над. Минбаъд, барои Ҳукумати ҶТ бе нигоҳ доштани суръати Шарҳи мухтасар | 5 Ҷумҳурии Тоҷикистон устувори афзоиши иқтисодӣ, таъмин намудани сатҳи баланди сармоягузориҳои давлатӣ мушкил мешавад. 5. Дар баробари суръати намоёни афзоиши иқтисодӣ дар давраи баъди низоъ, афзоиши сареи иқтисодиёт, ки аз оғози соли 2000 мушоҳида мешуд, баландшавии тала- боти дохилиро аз ҳисоби ворид шудани воситаҳои пули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар инъикос намуд. Дар давраи мазкур, афзоиши теъдоди муҳоҷирон дар Россия нис- бат ба нишондодҳои хурди соли 2000 мушоҳида шуд. Илова бар ин, то соли 2008 ҳаҷми маблағҳои ба Тоҷикистон воридшавандаи муҳоҷирони меҳнатӣ то ба 46 фоизи ММД афзоиш ёфт. Ин боиси баланд шудани талаботи дохилӣ ба мол ва хизматрасонӣ, мах- сусан ба озуқаворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ гардид. Ҳаҷми уму- мии сармоягузориҳо (бо бартарияти сармоягузориҳои давлатӣ) бо тағйирёбии хурд дар ҳудуди тақрибан 20 фоизи ММД қарор дошт, дар ҳоле ки ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ тақрибан дар ҳудуди 5 фоизи ММД бетағйир монд, ки пасттарин нишондодҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. 6. Панҷ омил ба афзоиши нишондодҳои иқтисодӣ мусоидат намуданд. Дар навбати аввал, ба имзо расонидани созишномаи сулҳ дар соли 1997, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, ба корхонаҳо ва хонаводаҳо имконияти аз нав пайвастан ба иқтисодиётро фароҳам овард. Дуввум, Ҳукумати ҶТ масъалаи таъмин намуда- ни устувории иқтисодиётро, ки ба Тоҷикистон бартариятҳои му- айянро, бахусус дар солҳои аввали барқароршавӣ ба пеш овард, бомуваффақият ҳал намуд. Сеюм, баландшавии нархи маҳсулоти содиротии кишвар, бахусус алюминий ва пахта ва инчунин аф- зоиши талабот ба қувваи кории Тоҷикистон махсусан дар Россия боиси афзоиши иқтисодиёти кишвар дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа дар солҳои 2000–2007 гардид. Чаҳорум, талошҳои Ҳукумати ҶТ дар барқарорсозии иқтисодиёт дар шакли афзоиши кӯмак 6 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар аз ҷониби шарикони рушд, аз ҷумла муассисаҳои молиявии байналмиллалӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд. Панҷум, Ҳукумати ҶТ як қатор ислоҳотро (бигузор батадриҷ бошад ҳам) амалӣ намуд, дар натиҷа, корхонаҳо ва хонаводаҳо метавонанд аз имкониятҳои пайдо шудаистода истифода баранд (нигаред ба маълумоти 1.2 бо рӯйхати ислоҳоти аз ҳама муҳимтарин дар давраи солҳои аз 2000 то 2010). 7. Ислоҳоти аз ҷониби Ҳукумат гузаронидашуда соҳаҳоеро фаро гирифтанд, ки ба кишвар имконияти истифодаи бартариятҳои бо афзоиши иқтисодиёт алоқамандро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ фароҳам оварданд. Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон тадбирҳоро роҷеъ ба вусъат додани савдо, ташкил намуда- ни Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси бонки марказии кишвар ва гузаронидани музокирот бо Россия оид ба сафарҳои бера- водиди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва инчунин оид ба барҳам додани андозҳо аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, амалӣ намуд. Ин ба баланд бардоштани нақши субъектҳои хоҷагидориро нисбат ба давраи гузашта, хусусигардонии теъдоди назарраси корхонаҳои хурду миёна (аз ҷумла корхонаҳои пахтатозакунӣ) имконият фароҳам овард. Ислоҳот инчунин муассисаҳои давлатиеро, ки бо соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи замин алоқаманданд, фаро гирифт. Дар солҳои охир, талошҳои давлат ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани рақобат дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, такмилдиҳии фаъолият дар соҳаи пахтакорӣ, такмилдиҳии низоми идоракунии маблағҳои давлатӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар доираи бонки марказӣ ва як қатор корхонаҳои давлатӣ равона шуда буданд. Шарҳи мухтасар | 7 Ҷумҳурии Тоҷикистон 8. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон бояд корҳои зиёдеро барои ба анҷом расонидани ислоҳот иҷро намояд. Ба беҳтар шудани шароит барои пешбурди сармоягузориҳои хусусӣ нигоҳ накарда корҳои зиёдеро ҷиҳати баланд бардоштани устуворӣ ва ояндабинӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои моликият тавассути назорати доимии амалӣ намудани тадбирҳои ислоҳот ва инчунин дар соҳаи маҳдуд намудани сӯиистифода аз мақом, ки бо му- дохилаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ алоқаманданд бо сабаҳое, ки ба фаъолияти кории онҳо робита надорад, бояд ба сомон расонид. Барои таъмин намудани истифодаи даромади давлатӣ ҷиҳати маблағгузорӣ намудани инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ҷои равона намудани маблағҳо барои пӯшидани хароҷоти корхонаҳои давлатӣ, самаранокӣ ва шаффофияти мо- лиявии корхонаҳои давлатӣ бояд баланд бардошта шавад. Ба ҳамин тариқ самаранокӣ ва шаффофияти системаи хароҷоти давлатӣ бо мақсади таъмин намудани истифодаи қисми даро- мади буҷети давлатӣ барои татбиқ намудани чораҳои таъмини рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бояд баланд бардошта шавад. Дар охир, даромадҳои оянда аз ҳисоби содиро- ти нерӯи барқ ба даст омада, бояд барои пӯшидани хароҷотҳои «Барқи Тоҷик», ки корхонаи таъминкунандаи нерӯи барқ ба ҳисоб меравад, истифода нашаванд. 9. Бо назардошти шароитҳои номусоиди беруна, Ҳукумати ҶТ ҷиҳати ноилгадӣ ба ҳадафи пешгузошта дар самти рушди иқтисодӣ бояд ба раванди ислоҳот суръат бахшад. Дар ояндаи миёнамӯҳлат, аз сабаби пастшавии пешбинишаван- даи назарраси суръати рушди иқтисодӣ дар Россия, сустшавии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ва коҳиши ҳаҷми маблағҳои аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ интиқолшаванда пешбинӣ меша- вад. Дар баробари он, ки давлат бояд мудохилаи худро ба соҳаи алоқаманд бо маблағҳои интиқолшавандаи муҳоҷирони меҳнатӣ маҳдуд созад, он бояд дар масъалаҳои муҳоҷират мусоидат на- 8 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар мояд. Инчунин, бо вуҷуди имкониятҳои ночиз аз лиҳозӣ зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, тадбирҳо ҷиҳати баланд бар- доштани маҳсулнокӣ дар соҳаи пахтакорӣ бояд андешида ша- ванд. Афзоиши ҳаҷми содирот дар бахшҳои кишоварзие, ки ба истеҳсоли пахта алоқаманд нестанд аз имконияти назарраси пеш- бурди ислоҳот ва сармоягузорӣ бо мақсади сафарбар намудани иқтидори рушди минбаъдаи кишоварзӣ ва соҳаҳое, ки бо коркар- ди маҳсулоти кишоварзӣ алоқаманданд, гувоҳӣ медиҳад. Дар ояндаи миёнамӯҳлат, дар сурати фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои амалӣ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнер- гетика, содироти нерӯи барқ метавонад омили иловагӣ барои рушд гардад. 10. Дар давоми солҳои оянда, масъалаи муҳимтарине дар назди Тоҷикистон зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ (ки айни замон дар сатҳи нисбатан паст қарор до- рад) ба ҳисоб меравад ва масъалаи мазкур беҳтар наму- дани фазои сармоягузориро тақозо мекунад. Қоидаҳои меъёрии айни замон амалкунанда ҳанӯз ҳам омили маҳдудкунанда барои оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб мераванд ва иқдомҳои ихтиёрии дар гузашта анҷомдода барои афзоиши эътимоди сармоягузорон мамоният мекунанд. Ғайр аз ин, мавҷуд набудани системаи боэътимоди таъминоти нерӯи барқ, тартиботи мураккаби алоқаманд бо идоракунии ан- доз, ҳамчунин иншоотҳои номуносиби анбор, дар баробари дигар мамониятҳо сатҳи даромаднокии сармоягузории хусусиро ҳатто дар шаҳрҳо паст мекунанд. 11. Дар масоили алоқаманд бо оғоз намудан ва бурдани фа- ъолияти соҳибкорӣ Тоҷикистон дар байни сармоягузо- рон ва бозингарони бозор мавқеи хеле пастро ишғол ме- кунад. Аз нуқтаи назари ҷалби сармоягузорӣ, аз ҷумла сармоягузории бевоситаи хориҷӣ суханҳои дар боло зикршуда барои кишва- Шарҳи мухтасар | 9 Ҷумҳурии Тоҷикистон ре, ки дорои бозори дохилии калон нест ва аз бозорҳои бузург дур ҷойгир аст, камбудии ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Тибқи маълу- мот дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ оид ба «Пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ» (соли 2011) овардашуда2 Тоҷикистон ҷои 139 дар байни 183 кишвар ишғол менамояд (бо вуҷуди ин, кишвар мавқеи худро нисбат ба соли гузашта, ки ҷои 152-ро ишғол мекард, беҳтар намуд ва он имконият дод, ки ба он гурӯҳи 10 кишваре, ки нишондодҳои худро дар доираи таҳқиқоти мазкур беҳтар намо- яд). Ба маҷмӯи тадбирҳои оид ба беҳтар намудани вазъият, ки ба он ишора кардем, содда намудани танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар самти соҳибкорӣ, таҳкими тадбирҳо оид ба ҳифзи сармоягузорӣ дар ширкатҳои саҳҳомӣ ва тавсеаи ҳуқуқҳои саҳҳомон дохил ме- шаванд. 12. Дар даҳсолаи охир, аксарияти кишварҳои бо иқтисодиёти бозории ташаккулёфтаистода афзоиши устуворро тавас- сути ҳамгироӣ ба системаи иқтисодии ҷаҳонӣ таъмин на- муданд. Тоҷикистон низ метавонад ба ин ноил гардад. Барои ин бояд ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад, диверсификатсия дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук баҳри ташкил намудани ҷойҳои кор таъмин гардад. Сармоягузорони хусусӣ танҳо дар сурати таъ- мин намудани дастрасӣ ба роҳҳои нақлиётӣ, ки имконияти ра- сонидани молро аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон ба бозорҳои ҳамсоя дар шароити рақобат ва дараҷаи кофии фазои мусои- ди сармоягузорӣ фароҳам меоваранд, маблағҳои худро дар истеҳсоли маҳсулот сармоягузорӣ метавонанд кунанд. Азбаски шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо кишварҳои ҳамсоя тавассути роҳҳои нисбатан хуби нақлиёти дар муқоиса бо дигар қисматҳои кишвар пайвастаанд (махсусан тавассути роҳи нақлиётии «шимол- ҷануб»), сармоягузориҳои хусусӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар сура- ти татбиқи онҳо дар ҳудуди ноҳияҳои ҳамсоя бо марказҳои савдо ва саноатии зикргардида метавонанд ба даромаднокии нисбатан 2 Бонки Умумиҷаҳонӣ, соли 2010. 10 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар баланд ноил гарданд. Имкониятҳо барои диверсификатсияи со- дирот дар ин ду шаҳр ва ноҳияҳои ҳамсоя низ хеле зиёданд. 13. Бо вуҷуди ин, хароҷоти бениҳоят калони ҳамлу нақли мол дар дохили кишвар ва берун аз он боиси он мешавад, ки Тоҷикистон дар муборизаи рақобатнок дар бозорҳои кишварҳои ҳамсоя бой медиҳад. Тарифҳои дохилии бор, ки барои ҳамлу нақли молҳо байни Ду- шанбе ва Хуҷанд истифода мешаванд, аз тарифҳое, ки дар ҳамлу нақли мол байни Молдова ва Иёлоти Муттаҳида исти- фода мешаванд баландтар мебошанд. Бо назардошти мавҷуд набудани роҳҳои баромад ба баҳрҳои байналмиллалӣ дар чу- нин кишвар мисли Тоҷикистон, андешидани тадбирҳое, ки ба кам намудани хароҷот ва баланд бардоштани даромаднокии сармоягузориҳои хусусии эҳтимолӣ равона шудаанд, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ ва соҳаҳое, ки бо коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ алоқаманданд, бениҳоят зарур мебошад. 14. Бо мақсади беҳтар намудани роҳҳои нақлиётие, ки киш- варро бо давлатҳои ҳамсоя мепайванданд, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ нақши муҳимро мебозад. Иқдомҳои Тоҷикистон бо тадбирҳое, ки аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя амалӣ мегарданд бояд ҳамоҳанг сохта шаванд. Масалан, агар Қирғизистон ҳамин гуна тадбирҳоро дар қитъаи роҳе, ки то сарҳади Қазоқистон тӯл кашидааст наандешад, таҷдиди роҳҳо дар қитъаи то сарҳади Қирғизистон ба паст намудани хароҷоти нақлиётӣ мусоидат нахоҳад кард. Бо ҳамин зайл такмилдиҳии системаи коркарди гумрукии борҳо дар Точикистон ба камша- вии назарраси хароҷоти вақт дар маҳалли убури марз дар су- рати андешидани ҳамин гуна тадбирҳо аз ҷониби Қирғизистон ва Қазоқистон дар доираи коридори нақлиётии «шимол-ҷануб» оварда мерасонад. Созишномаҳо оид ба гумрук ва транзит бояд ҳадди ақал байни се кишвар ба имзо расанд. Шарҳи мухтасар | 11 Ҷумҳурии Тоҷикистон 15. Намояндагони доираҳои соҳибкорони кишвар, аз ҷумла онҳое, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият ме- кунанд нисбати номунтазамӣ дар таъмини барқ ва ноу- стувории системаи таъмини барқ изҳорӣ норозигӣ меку- нанд. Дар доираи тадқиқоти сифати фазои соҳибкорӣ ва натиҷаҳои фаъолияти соҳибкорӣ (BEEPS) таъкид шудааст, ки суханҳои дар боло зикршуда яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои фаъолия- ти ширкатҳо ба ҳисоб рафта ба хароҷоти тақрибан 20 фоизи ҳаҷми солонаи фурӯш оварда мерасонад. Бо мақсади таъмин намудани истеҳсолоти мунтазам, ширкатҳо маҷбур мешаванд генераторҳоро насб кунанд, ки он ба афзоиши хароҷоти асосӣ оварда мерасонад. Барои ширкатҳои содиркунандае, ки дар Тоҷикистон дорои истеҳсолот мебошанд рақобат бо ширкатҳои дигар кишварҳое, ки бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ намегарданд, хеле душвор мебошад. Мушкилоти зикргардида гувоҳи он аст, ки таъминоти барқ дар фасли зимистон рӯз аз рӯз ноустувор шуда истодааст (вақте ки ҳаҷми тавлидшудаи нерӯи барқ аз сабаби сатҳи нокифояи об дар обанборҳо коҳиш меёбад) бо назардошти системаи интиқол ва тақсими нерӯи барқ, ки ба талабот ҷавоб намедиҳад ва инчунин мавҷуд набудани иқтидори Барқи Тоҷик дар таъмин намудани даромаднокии истеҳсолот ва пардохт на- мудани ҳаҷми газ ё нерӯи барқе, ки аз кишварҳои ҳамсоя харида мешавад. 16. Агар сухан дар бораи зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ бо назардошти қарзи назарраси кишвар ва осебпазирии он нисбати таконҳои беруна ра- вад, таъмин намудани устувории макроиқтисодӣ яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Барои ин дар давоми муддати тӯлонӣ диққати доимии Бонки марказӣ ва Вазорати молия ба ҳалли мушкилоте, ки ба он киш- вар рӯ ба рӯ мешавад, лозим меояд. Имкониятҳои зиёд наму- дани хароҷоти давлати барои инфрасохтор ва соҳаи иҷтимоӣ 12 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар маҳдуд мебошад ва барои ҳамин кишвар бояд чаҳорчӯбаҳои муайянеро дар масоили роҷеъ ба сармоягузориҳои давлатӣ риоя намуда афзалиятҳоро қатъиян барои таъмин намудани рушди иқтисодӣ муайян намояд. Бахусус, андешидани тадбирҳо оид ба такмилдиҳии системаи идоракунии хароҷотӣ давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии он зарур аст. За- рурати беҳтар намудани шаффофият ва интизоми молиявӣ дар доираи корхонаҳои калони давлатӣ ва бонкҳо эҳсос мешавад. Дар баробари ин, Ҳукумати ҶТ бояд чорабиниҳои оиди ба кор андохтани даромадҳои андоз, аз ҷумла тағйироти ҷиддии реҷаи андозро (тибқи тадбирҳои ҳамоҳангшуда байни Кумитаи андоҳ ва муассисаҳои байналмиллалии молиявӣ ва чӣ тавре ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон дар моҳи апрели соли 2011) таҳким бахшад. 17. Ба Ҳукумати ҶТ зарур аст имкониятҳои андозию буҷетии худро бо назардошти ба мақсад мувофиқ будани тадбирҳо истифода барад ва афзалиятҳоро дар самти сармоягузориҳои давлатӣ муайян намояд. Яке аз шартҳои муҳим таҷдид ва барқарорсозии роҳҳо хоҳад буд, аммо интихоби онҳо барои иҷро намудани корҳо бояд бо на- зардошти таъсири максималӣ ба рушди иқтисодӣ амалӣ гардад (масалан, роҳҳои нақлиётие, ки бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд пайвастанд). Дар соҳаи энергетика бошад, дар баробари имко- нияти қабули қарор ба фоидаи маблағгузории хатҳои интиқол ва тақсимоти барқ, аз ҷумла истгоҳҳои хурди гармидиҳӣ, иншоотҳои гидроэнеркетикӣ бояд тавассути қарздиҳии бегардиш то ин ки ӯҳдадориҳои қарзӣ дар доираи иншоотҳои мазкур барои буҷети давлатӣ гаронӣ накунанд, маблағгузорӣ шаванд. Бо назардош- ти ҳаҷми калони қарзи давлатӣ, дар он ҳолатҳое, ки қарзҳои хориҷӣ барои сармоягузориҳои давлатӣ лозим меоянд, онҳо бояд асосан бо шартҳои имтиёзнок ба даст оварда шаванд. Шарҳи мухтасар | 13 Ҷумҳурии Тоҷикистон 18. Дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзие, ки бо парвариши пахта алоқаманд нест имкониятҳои маҳдуди хоҷагиҳои фермерӣ оид ба интихоби мустақили зироатҳои кишо- варзие, ки онҳо парвариш мекунанд ва оид ба дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, захираҳои зарурии истеҳсолӣ ва анбор ҳанӯз ҳам ба сармоягузориҳо таъсири манфӣ ме- расонанд. Гарчанде ки қарор дар бораи «озодии хоҷагидорӣ» (Қарор №111) аз соли 2008 боз амал мекунад ва дар муддати гузашта муваффақиятҳои муайяне дар ин самт ба даст оварда шуданд, озодии хоҷагиҳои деҳқонӣ аз нуқтаи назари интихоби зироатҳои кишоварзӣ барои парвариш қисман аз сабаби мавҷуд набуда- ни ҳуқуқҳои аниқ муайяншудаи истифодаи замин ва қисман аз сабаби мудохила аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, маҳдуд карда мешавад. Ғайр аз ин, имкониятҳои маҳдуди деҳқонон дар масъа- лаи дастрас намудани сармояи асосӣ ва захираҳои истеҳсолӣ инчунин ба соҳае, ки бо парвариши пахта алоқаманд аст ва ба дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Анборҳои мавҷуд буда низ ба талабот ҷавоб намедиҳанд ва қисми асосии онҳо дар давраи Шӯравӣ сохта шудаанд. (Ҳатто дар вилояти Суғд, ки дорои теъдоди кофии анбор мебошад, таъ- мини номунтазами барқ ба вайроншавии мева ва сабзавот овар- да мерасонад ва ин ҳолат истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишо- варзиро маҷбур мекунад, ки маҳсулоти худро дар тобистон ба ҷои зимистон, вақте ки нархҳо баланд мешаванд, фурӯшанд). Маълум аст, ки дар сурати мавҷуд набудани анборҳо дар ҷойҳои муносиб ва бе системаи боэътимоди таъмини барқ имкониятҳои содирот ҳатто дар ҳолати беҳтар шудани шароитҳои таъминку- нандаи самаранокии истеҳсолот, маҳдуд мемонанд. 19. Ҳалли мушкилоти зикргардида дар миқёси кишвар мета- вонист натиҷаҳои беҳтарро диҳад, аммо бо назардошти имкониятҳо ва захираҳои маҳдуд, талошҳои ибтидоии ҳукумат дар сурати равона намудани онҳо ба минтақаҳои муайяни ҷуғрофӣ метавонанд самаранок бошанд. 14 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар Ин метавонад маънои ташкил намудани минтақаи махсуси иқтисодиро дар ҳар яке аз ду шаҳри калони кишвар, ки дорои роҳҳои хуби нақлиётии пайвасткунанда бо ноҳияҳои ҳамсояи кишоварзӣ мебошанд, дошта бошад. Дар ин сурат, талошҳои ибтидоии ҳукуматро (дар масоили роҷеъ ба пешниҳод намудани ҳуқуқҳои моликият ба замин, таъмин намудани сифати баланди роҳҳои нақлиётӣ, содда намудани танзими меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳамлу нақли бор ва нақлиёти боркаш, таъмин намудани деҳқонон бо дастрасӣ ба манбаъҳои маблағгузорӣ, захираҳои истеҳсолӣ ва анборҳо, таъмин намудани системаи боэътимоди таъминоти барқ ва инчунин тартиботи самараноки гумрукӣ) метавон дар ҳудуди ду минтақаи мазкур равона намуд. Дар ин минтақаҳо, диққат бояд ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ё гӯштӣ ё ба саноати сабук равона карда шавад. Чунин муносибат, ки ташаккули анклавҳои дар боло зикршударо пешбинӣ мекунад ва дар кишварҳои зиёд бо мақсади дода такон ба афзоиши соди- рот бо муваффақият истифода мешавад. Ҳамин тариқ, дар масъ- алаи роҷеъ ба роҳҳо, Ҳукумати ҶТ метавонад дар навбати аввал талошҳоро ба ташкил намудани роҳҳои нақлиётӣ, ки ноҳияҳоро мепайвандад ва дар қарибии ду маркази саноатӣ ҷойгиранд, яъне худи шаҳрҳо тавассути сармоягузориҳои алоҳида дар дои- раи коридори нақлиётии «шимол-ҷануб» равона кунад. 20. Ҳатто дар сурати боқӣ мондани суръати афзоиши муҳоҷират ва маблағҳои ба кишвар интиқолшуда дар сатҳи тобӯҳронӣ, муҳоҷират ва маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сарчашмаи асосии афзоиш мемонанд. Беҳтар кардани шароит барои амалӣ намудани сармоягузориҳои хусусӣ ва такмилдиҳии алоқаҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя аҳолиро эҳтимолан ба зиёд намудани сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои зикргардидани муҳоҷирони меҳнатӣ ҳавасманд хоҳад кард. Дар вақтҳои охир, як қатор қабулкунандагон аз ҳисоби чунин маблағҳо сармоягузории хоҷагиҳои деҳқонии оилавии худ оғоз на- муданд. То ҳол ҳукумат дар масъалаи истифодабарии маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби қабулкунандагон Шарҳи мухтасар | 15 Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат накардааст, чунин сиёсат натиҷаҳои хуб дод ва бояд идома дода шавад. Дар баробари ин, имкониятҳои назаррасе ба- рои беҳтар намудани шароитҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони эҳтимолӣ мавҷуданд. Дар ин робита, ташкил наму- дани хадамоте, ки метавонист маълумотро оид ба имкониятҳои шуғл дар хориҷа ва дар бораи таҷрибаи дигар муҳоҷирон пешниҳод намояд, мувофиқи мақсад мебошад. Ба ғайр аз ин, тадбирҳои сиёсат, ки ба такмилдиҳии хизматрасонии бонкӣ бо мақсади фарогирии ҳаҷми назарраси маблағҳои аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар интиқолшуда ҳамчун депозит низ аҳамияти калон дорад. 21. Соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишвар на танҳо ҳамчун манбаи нерӯи барқ барои ҳамаи соҳаҳо, балки ҳамчун манбаи имконпазири рушди иқтисодӣ та- вассути содироти нерӯи барқ низ аҳамияти калон дорад. Дар ҳудуди кишвар барои субъектҳои хоҷагидорӣ ва хонаводаҳо бино ба фаъолияти ғайрисамараноки шабакаи интиқоли барқ ва тақсимоти нерӯи барқ, норасоии барқ дар фасли зимистон ва ин- чунин дар робита бо нишондодҳои паст дар самти идоракунӣ ва самаранокии молиявии «Барқи Тоҷик» системаи таъминоти барқ беэътимод ба ҳисоб меравад. Дар чунин вазъият, иқтидорҳои иловагии корхонаи тавлидкунандаи энергияи гармӣ, ки тавассути газ кор мекунад (танҳо панҷ фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби корхона тавлид мешавад) метавонад дар ҳалли ин масъала дар фасли зимистон кӯмак расонад. Дар баробари ин, иқтидори азими киш- вар дар таҳия намудани лоиҳаҳои иловагӣ дар соҳаи энергетика ва содироти нерӯи барқи зиёдатӣ (асосан дар фасли тобистон) ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Россия ва инчунин ба кишварҳои ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз аҳамият берун нест. Агар Ҳукумати ҶТ тавонад шароитҳои муносибро барои амалӣ намудани сармоягузорӣ дар чунин лоиҳаҳо фароҳам оварад, дар он сурат нерӯи барқӣ аз ҳисоби он тавлидшуда метавонад дар оянда сарчашмаи афзоиши иқтисодӣ барои Тоҷикистон, чуноне ки барои дигар кишварҳо мебошад, гардад. 16 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар 22. Татбиқ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика талошҳоро дар якчанд самт тақозо мекунад. Якум, асосноккунии фаннӣ ва иқтисодии иншоотҳои мазкур ба- рои ҳалли масъалаи роҷеъ ба хароҷотбарории молиявии онҳо ва таъмин намудани иҷрои ӯҳдадориҳои қарзии худ аз ҳисоби даромадҳои пешбинишаванда. Яке аз чунин таҳқиқот роҷеъ ба НОБ-и Роғун (бо дархости Ҳукумати ҶТ) айни замон гузарони- да шуда истодааст. Дуюм, Тоҷикистон бояд бо кишварҳои дига- ри минтақа баҳри роҳ надодан ба таъсири манфии иншоотҳо ба кишварҳои поёноб ва инчунин ҷиҳати ба даст овардани ҳуқуқи гу- заронидани нерӯи барқи содиротшаванда тавассути ҳудуди онҳо ҳамкорӣ намояд. Сеюм, бо назардошти ҳаҷми назарраси қарз, дар доираи чунин иншоотҳо маблағгузории қарзӣ бе ҳуқуқи ре- гресс мавриди истифода бояд қарор дода шавад. Чаҳорум, нархи баланди иншоотҳои мазкур баёнгари он аст ки ҳукумат метаво- над имконияти маблағгузориро аз ҳисоби буҷет надошта бошад. Ҳамин тариқ, бо мақсади ҳавасманд намудани сармоягузориҳои хусусӣ ҳукумат бояд талош кунад ва бо назардошти тасаввуро- ти сармоягузорон дар бораи имкониятҳои маҳдуди ҳукумат оид ба иҷро намудани шартномаву созишномаҳо, ноилшгардӣ ба ҳадафи мазкур метавонад мушкил бошад. Панҷум, бо мақсади равона намудани даромадҳои иншоотҳои зикргардида ба даст- гирии рушди иқтисодӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, механизмҳои мухталиф бояд дар дохили кишвар таъмин гарданд (масалан, меъёрҳои ҳисоби даромад дар соҳаи энергетика). Гар- чанде тадбирҳои мазкур воҳиманок намоянд ҳам, дигар кишварҳо бо сатҳи пасти даромад (аз ҷумла Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос), ҳамаи тадбирҳои зикргардидаро барои лоиҳаҳои худ дар соҳаи гидроэнергетика бо дастгирии муассисаҳои байналмилла- лии молиявӣ бомуваффақият амалӣ менамоянд. Шарҳи мухтасар | 17 Ҷумҳурии Тоҷикистон 23. Барои Тоҷикистони дорои сатҳи пасти даромад, муҳим он аст, ки даромад аз содироти нерӯи барқ дигар манбаъҳои мавҷудбударо пурра намуда бо ин восита барои дастги- рии рушди иқтисодӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ истифода шаванд. Бо назардошти суханҳои дар боло зикргардида давлат наметаво- над раванди ислоҳотро, ки ба зиёд намудани даромадҳои андози кишвар равона шудааст, сусттар кунад. Агар раванд сусттар гар- дад, даромадҳое, ки аз ҳисоби иншоотҳои гидроэнергетикии зик- ргардида ба даст меоянд ҷойгузини даромадҳои дигар андозҳо мегарданд. Дар натиҷа, қишрҳои камбизоати аҳолӣ не, балки андозсупорандагони кунунӣ аз чунин вазъият фоида мебинанд. Ҳамин тариқ, тадбирҳо баҳри беҳтар намудани нишондодҳои мо- лиявии корхонаҳои калони давлатӣ, аз ҷумла он корхонаҳое, ки бо таъмини барқ машғуланд, бояд андешида шаванд. Дар акси ҳол, даромадҳо аз ҳисоби содироти нерӯи барқ барои пӯшонидани зарари корхонаҳои давлатӣ истифода шуда ба таъ- мин намудани рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат нахоҳанд кард. Ғайр аз ин, таҳкими системаи идораку- нии хароҷотҳои давлатӣ низ барои таъмин намудани истифодаи бештар самаранок ва шаффофи даромадҳо аз аҳамият берун нест. 24. Системаи ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва тандурустии киш- вар ба манбаъҳои даромади зикргардида ниёз доранд. Таъмин намудани дастрасӣ ва имкониятҳо барои қишрҳои кам- бизоати аҳолӣ ба хизматрасонии маориф ва тандурустӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар яке аз вазифаҳои афзалиятнок мемо- над. Системаи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва осебпазирии аҳолӣ самаранок ба ҳисоб намеравад, зеро дар доираи системаи мазкур нафақаҳои пиронсолӣ ва инвалидӣ ҳамчун шакли ҳифзи иҷтимоӣ бартарӣ доранд. Бӯҳрони иқтисодие, ки дар солҳои 2008-2009 сар зад аз мавҷуд набудани барномаҳои иҷтимоии самарабахше, ки ба 18 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ равона шудааст шаҳодат дод. Дар чунин вазъият, кишвар маҷбур буд бештар ба кӯмаки Барно- маи ҷаҳонии озуқаворӣ оид ба тақсим намудани озуқаворӣ дар байни қишрҳои аз ҳама осебпазирӣ аҳолӣ такя намояд. Бо на- зардошти суханҳои дар боло зикргардида, яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи такмилдиҳии системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ метаво- над пешниҳоди кӯмаки суроғавӣ барои беҳтар намудани фаро- гирии гурӯҳҳои аҳолие, ки ба категорияи бениҳоят камбизоат ва осебпазир дохил мешаванд, албатта бо назардошти маҳдудияти имкониятҳои буҷетии кишвар, бошад. 25. Айни замон, чунин ба назар мерасад, ки норасоии қувваи кории соҳибихтисос мушкилоти асосӣ дар таъмин наму- дани афзоиши иқтисодӣ ба ҳисоб намеравад. Дар ҳақиқат, аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сатҳи пасти даромад дар кишвар дорои сатҳи хуби маълумот мебо- шад. Бо вуҷуди ин, инфрасохтори таълимӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд ва ҳолати он вобаста аз минтақаҳо фарқ ме- кунад. Сифати маълумот дар рӯ ба бадшавӣ ниҳодааст (агар норасоии муаллимон, ки ҳанӯз ҳам идома дорад, ба ҳисоб ги- рифта шавад). Ғайр аз ин, номувофиқати ихтисос ва малакаҳои ихтисосӣ, ки дар бозори меҳнат пешниҳод мегардад бо талаботи худи бозор мушоҳида мешавад (зеро системаи маориф теъдоди зарурии мутахассисони бо ихтисоси маҳдуд ва техникиро тайёр намекунад). 26. Сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ низ ҷузъи муҳими ра- ванди таъмин намудани афзоиши иқтисодӣ дар ояндаи дарозмуддат ба ҳисоб меравад. Аммо, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа бино ба маҷмӯи омилҳо заифтар мебошад, бахусус ҳаҷми маҳдуди маблағгузории давлатӣ, мавҷуд будани инфра- сохтори тиббии зиёдатӣ ва кӯҳна, норасоии маблағгузории си- стемаи кӯмаки аввалии тиббӣ ва санитарӣ ва инчунин системаи Шарҳи мухтасар | 19 Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайрисамараноки маблағҷудокунӣ. Нархи хизматрасонии тиббӣ аз нуқтаи назари дастрасӣ ба хизматрасониҳои мазкур монеа мебошад — аҳолӣ маҷбур аст пули нақдро барои пардохти хиз- матрасонии тиббӣ масраф кунанд. Чунин вазъият имконияти баланд шудани сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳоро аз соли 2003 инҷониб ва ба зиёд шудани теъдоди онҳое, ки барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат мекунанд нигоҳ накарда дастрасии ҳатто ба хизматрасониҳои аз ҳама асосии тиббиро ба он афроде, ки ба категорияи камбизоат дохил мешаванд маҳдуд месозад. 27. Умуман, дар ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтарини таъмин наму- дани афзоиши иқтисодӣ Тоҷикистон бо мушкилоти зиё- де рӯ ба рӯ мешавад ва кишвар бояд барномаи калони ислоҳоти ба итмом нарасонидаро амалӣ намояд. Давлат бояд диққати бештарро ба тадбирҳои зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ ва ба таъмин намудани ҳамкории минтақавӣ равона созад, зеро муваффақият дар ин робита ба- рои афзоиши иқтисодӣ аҳамияти хеле калон дорад. Маводи таҳлилие, ки дар ҳисоботи мазкур дохил мешавад аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ноил гаштан ба муваффақият диққати бар- номаи ислоҳот метавонад ба амалигардонии чаҳор вазифаҳои навбатӣ равона карда шавад. Тавсияҳои дар поён зикргарди- да (ба ҳар яке аз чаҳор вазифаҳои мобайнӣ) асоси хуб барои муҳокимаҳои оянда маҳсуб меёбанд. Баъзе аз тадбирҳои зик- ргардида бо намояндагони Ҳукумат дар давоми омода намудани ҳисоботи мазкур мавриди муҳокима қарор дода шуда буданд ва моҳияти муҳокимаҳоро инъикос мекунанд. Дигар тадбирҳо дар ин ҷо бори аввал пешниҳод гаштаанд. Баъзе аз онҳоро метавон фавран қабул кард, дар ҳоле ки дигари онҳо метавонанд гузаро- нидани муҳокимаҳоро бо иштироки тамоми тарафҳои манфиат- дор тақозо кунанд. 20 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар ТАВСИЯҲО 28. Ҳавасманд намудани сармоягузориҳои хусусӣ махсусан дар соҳаи кишоварзӣ. Дар солҳои охир ба нишондодҳои умедбахш нигоҳ накарда, дар амал ҳалли масъалаи мазкур дар давоми даҳсоли охир хеле муш- кил баромад. Сабаби чунин мушкилот бештар зарурати амалӣ намудани тадбирҳое, ки ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар якчанд самт равона шудааанд ба ҳисоб меравад. Муҳимтар он аст ки ин бояд барои сармоягузорон аз сатҳи баландтарин, ки дар он худи сиёсат ташаккул меёбад, нишонае аз он бошад ки ҳуқуқҳои моликиятии онҳо ҳифз шудаанд. Дар поён тадбирҳое оварда шудаанд, ки Ҳукумати ҶТ бояд дар ин робита андешад: • Идома додани кор оид ба содда намудани танзими меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ва тартиботе, ки бо ташкил намудан ва кори корхонаҳои нав алоқаманданд, аз ҷумла онҳое ки ба литсендиядиҳӣ ва иҷозатномадиҳи робита доранд. • Дар амал татбиқ намудани иқдомҳое, ки ба ҷалби сармоя- гузорони хориҷӣ ва минтақавии дорои таҷрибаи фаннӣ ва алоқаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дошта равона шудаанд, инчунин дар дигар соҳаҳои вобастабуда тавассути баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва маҳдудсозии сӯйистифода аз мақоми хизматии худ ҳангоми истифода аз низомномаҳои меъёрӣ. • Содда намудан ва баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти системаи идоракунии андоз тавассути кам намудани теъдоди андозҳо ва пардохтҳои андоз, аниқ намудани низомномаҳои андоз ва таҳияи маълумотномаи андоз бо инъикоси равшани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони хадамоти андоз ва андоз- супорандагон. Шарҳи мухтасар | 21 Ҷумҳурии Тоҷикистон • Беҳтар намудани дастрасӣ ба системаи боэътимоди таъ- миноти нерӯи барқи доимӣ дар давоми сол аз шаҳрҳои Ду- шанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои ҳамсоя оғоз намуда. Эҳтимол аст, ки иқдоми мазкур аз якҷоягии тадбирҳо ки ба истифо- даи иқтидори тавлидкунии нерӯи гармӣ, беҳтар намудани системаи интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ, такмилдиҳии механизмҳои нархгузорӣ барои барқ ва инчунин таҳкими си- стемаи идоракунӣ ва такмили самаранокии молиявии «Барқи Тоҷик» равона шудаанд, иборат хоҳад буд. • Таҳкими соҳаи бонкӣ тавассути дар амал татбиқ намудани чунин ҳуҷҷатҳо ба моданди стратегия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи эътимоднокии бонкҳо ва такмилдиҳии системаи хизматрасониҳои молиявӣ. • Мавриди баррасӣ қарор додани варианти ташкилдиҳии минтақаҳои махсуси содиротӣ/саноатӣ дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ки ба ширкатҳо имконият медиҳат то ки фаъолияти худро тибқи тартиботи ба низомоварда, ки барои сармоягузориҳои хусуӣ ва фаъолияти истеҳсоли пешбинӣ шудаанд, амалӣ намоянд; аз ҷумла дар доираи системаи шаффофи идоракунии андоз ва гумрук бо назардошти систе- маи боэътимоди таъмини барқ ва дигар хизматрасониҳое, ки ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳод мегарданд. • Ҷоннок кардани фаъолияти таъминкунандаи ҳамкории минтақавӣ тавассути ҳамкории зич бо ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсоя баҳри амалӣ намудани тадбирҳо оид ба такмилдиҳии алоқаҳои савдо ва нақлиётӣ бо бозорҳои минтақавӣ, аз ҷумла оид ба мусоидати савдо дар марзҳои умумӣ. • Таҷдид ва таъмири як қатор қитъаҳои коридори нақлиётии «Шимол-Ҷануб» бо мақсади паст кардани хароҷоти расони- дани мол ба бозорҳои минтақавӣ ва беҳтар намудани роҳҳои нақлиётие, ки ду шаҳри асосии кишварро бо ноҳияҳои ҳамсоя мепайванданд. 22 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар • Идома додани иҷрои тадбирҳо оид ба рушди рақобат дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баҳри вусъат додани дастрасӣ ба киш- вар ва беҳтар намудани алоқаи нақлиётӣ чӣ дар дохили киш- вар ва чӣ берун аз он ва инчунин барои кори мунтазами соҳаи авиатсия. • Судури шаҳодатномаҳо оид ба ҳуқуқи истифодабарии замин бо мақсади тасдиқ кардани ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ба замин, лағви ӯҳдадориҳои кӯҳнаи қарзии деҳқононе, ки ба парвариши пахта машғуланд, зиёд кардани имкониятҳои ба даст овардани маблағи гардишӣ, истифодабарии системаи обёрӣ ва захираҳои истеҳсолӣ, махсусан барои деҳқононе, ки соҳиби шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба за- мин мебошанд, аз ҷумла зиёд намудани майдонҳои лозимаи анбор, ки бо системаи боэътимоди таъмини барқ муҷаҳҳаз мебошанд. Бо мақсади таъмин намудани таъсирбахшии тадбирҳои мазкур бо назардошти иқтидори маҳдуд ва захираҳо дар марҳилаи аввал таъмин намудани динамикаи мусбат дар ҳудуди ноҳияҳои аграрие, ки бо шаҳрҳои Душанбе ва Ҳуҷанд дар ҳамсоягӣ ҷойгир шудаанд. • Мусоидат ба диверсификатсияи содирот тавассути тав- сеаи истеҳсолоти агросаноатӣ (ба ғайр аз парваришӣ пах- та) бо истифода аз имкониятҳои маблағгузорӣ ва ҳамкории минтақавӣ. 29. Таъмин намудани суботи макроиқтисодӣ ва системаи бо- эътимоди идоракунии молияи давлатӣ. Тоҷикистан дар самти идоракунии макроиқтисодӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт. Аммо, таъмин намудани суботи макроиқтисодӣ бо назардошти осебпазирии кишвар дар робита бо таконҳои беруна, нисбатан ҳаҷми калони қарзи беру- наи давлатӣ ва мавҷуд будани ҳар гуна хатароти алоқаманд бо корхонаҳои давлатӣ ва инчунин бо назардошти вазъи молиявие, ки бонкҳо рӯ ба рӯ шудаанд, масъалаи ҳанӯз ҳам муҳим мемо- Шарҳи мухтасар | 23 Ҷумҳурии Тоҷикистон над. Суханҳои зикргардида аз зарурати додани диққати доимӣ аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Барои таъмин намудани суботи макроиқтисодӣ ба анҷом расонидани тадбирҳои зерин дар ояндаи наздик зарур мебошад: • Тамаркузи сармоягузориҳои давлатӣ дар иншоотҳои ифрастохторӣ ва соҳаи иҷтимоӣ бо риояи маҳдудиятҳои му- айян ва афзалиятҳо; интихоби иншоотҳои инфрасохторӣ бо назардошти таъсири эҳтимолӣ ба афзоиши иқтисодӣ ва баъ- дан бо назардошти таъсири эҳтимолӣ ба тавсеаи имкониятҳои қишри камбизоати аҳолии тамоми минтақаҳои кишвар, баху- сус берун аз ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд. • Таъмин намудани интизоми молиявӣ ва баланд бардоштани дараҷаи шаффофият дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва бонкҳо тавассути мунтазам гузаронидани аудити беруна, беҳтар намудани системаи идоракунӣ, таъмин намудани мо- ниторинг ва ҳисоботдиҳии доимӣ аз ҷониби Вазорати молия ва инчунин тавассути кам намудани имкониятҳои гирифтани субсидия аз тарафи давлат бо мақсади роҳ надодан ба пай- дошавии касри қисман буҷетӣ дар натиҷаи фаъолияти кор- хонаи таъминкунандаи барқ «Барқи Тоҷик» ё маблағгузории соҳаи пахтакорӣ, ки пештар ба суботи молиявии кишвар ха- лал ворид мекард. • Беҳтар намудани реҷаи андоз ва таҳкими тадбирҳо ҷиҳати ҷамъоварии андоз тавассути такмилдиҳии системаи идора- кунии андоз ва фарогирии васеътари андозсупорандагони калон. • Устуворкунии нархҳо тавассути татбиқи механизмҳои боэъти- мод ва босамари сиёсати қарзию пулӣ, ки аз Бонки миллии Тоҷикистон андешидани тадбирҳоро барои роҳ надодан ба фаъолияти қисман молиявиро талаб мекунад. 24 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар • Нисбати қурби асъор дар амал татбиқ намудани чунин сиёса- те, ки ба содирот мусоидат мекунад. 30. Андешидани тадбирҳо ҷиҳати нигоҳ доштани даромади маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи ҳозира ё бо- лотар аз ин. То ҳол, мудохилаи Ҳукумати ҶТ ба масоили муҳоҷират ва исти- фодаи маблағҳои ба кишвар интиқолшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ночиз буд ва чунин муносибат бояд дар оянда ҳам идома дода шавад. Бо вуҷуди ин, бо мақсади беҳтар намудани фазое, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мебаранд ва беҳтар наму- дани на танҳо вазъи онҳо, балки вазъи оилаҳои онҳо ва таъмин намудани имконият барои зиёд намудани даромади худ чораҳои мушаххасро метавон андешид. Ба тавсияҳо метавонанд дохил шаванд: • Идома додани андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани муносибат нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар кишварҳои қабулкунанда. • Ташкил намудани маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирин ва оилаҳои онҳо дар доираи фаъолияти Хадамоти муҳоҷиратии назди Ҳукумати ҶТ, ки ба наздики созмон дода шуд. Маркази мазкур бояд маълумотро оид ба имкониятҳои пайдо намуда- ни кор дар хориҷа ва табодули таҷрибаро байни муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин намояд. • Дар амал татбиқ намудани тадбирҳои ҳавасмандкунанда, ки ба беҳтар намудани хизматрасонии молиявӣ, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо пешниҳод мегарданд бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми маблағҳои тавассути ни- зоми бонкӣ интиқолшуда ва таъмин намудани шароит барои нигоҳ доштани қисми маблағҳои мазкур дар низоми бонкӣ ба ҳайси депозит. Шарҳи мухтасар | 25 Ҷумҳурии Тоҷикистон • Сармоягузорӣ дар рушди сармояи инсонӣ ва тадбирҳо оид ба зиёд намудани имкониятҳои баҳрабардорӣ аз хизматрасониҳои таълимӣ барои аҳолии камбизоат (аз ҷумла маълумоти умумӣ, ихтисоси касбӣ ва омӯхтани забонҳо), то ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон тавонанд даромади бештарро дар хориҷа ба даст оварда ба иқтисодиёти кишва- ри худ саҳми бештар назаррас гузоранд. 31. Тақвият бахшидани соҳаи энергетика барои таъмин наму- дани системаи боэътимоди таъминоти барқ дар кишвар ва зиёд кардани ҳаҷми нерӯи барқи содиротшаванда. Системаи таъминоти нерӯи барқ бо сабабҳои дар боло зикргарди- да беэътимод ба ҳисоб меравад. Аммо бо назардошти иқтидори бузурги кишвар аз лиҳози рушди теъдоди иловагии иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар сурати бу- нёди фазои муносиби сармоягузорӣ аз ҷониби ҳукумат, соҳаи ги- дроэнергетика метавонад сарчашмаи афзоиши иқтисодӣ гардад. Тавсияҳо дар робита ба масъалаи мазкур аз инҳо иборатанд: • Азнавташкилдиҳии «Барқи Тоҷик» бо мақсади табдил дода- ни он ба корхонаи аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва технологӣ самаранок бо системаи мустақили идоракунӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодию молиявӣ. • Аз байн бурдани касри қисман буҷетӣ дар соҳаи энергетика тавассути кам намудани талафоти техникӣ ва ҳолатҳои ис- тифодаи ғайрисамараноки шабакаи энергетикӣ ва инчунин тавассути баланд бардоштани тарифҳо то дараҷае, ки ба пӯшидани хароҷотҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад. • Равона кардани диққат ба масъалаҳои беҳтар намудани си- стемаи барқтаъминкунӣ дар кишвар дар баробари рушди ша- бакаи таъминоти нерӯи барқи ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи нерӯи барқи дар зимистон тавлидшуда. 26 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар • Гузаронидани таҳқиқот оид ба асосноккунии фаннӣ ва иқтисодӣ бо мақсади муайян намудани устувории молиявии иншоотҳои энергетикии пешниҳодшуда, дар робита бо пар- дохти қарзҳои худ аз ҳисоби даромадҳо бадастомада. • Мубодилаи афкор бо дигар кишварҳои минтақа бо мақсади роҳ надодан ба таъсири манфии иншоотҳо ба кишварҳои по- ёноб ва гирифтани иҷозат аз дигар кишварҳои ҳамсоя барои гузаронидани нерӯи барқ тавассути ҳудуди кишварҳои маз- кур. • Фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҷалб намудани сармоягузориҳои хусусӣ ба соҳаи гидроэнергетика тавассути ҳамкории давлатӣ ва хусусӣ. • Фароҳам овардани шароит то ки даромад аз содироти нерӯи барқ бо мақсади ҳавасманд намудани афзоиши иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ истифода бурда шавад. Барои ин «Барқи Тоҷик» ва дигар корхонаҳои давлатӣ бояд интизо- ми молиявии худро беҳтар намоянд; ғайр аз ин, амалӣ наму- дани тадбирҳои оиди ба кор андохтани даромадҳои андоз ва таҳқими системаи идоракунии даромад дар доираи лоиҳаҳо/ иншоотҳои гидроэнергетикиро идома диҳад. Тадбирҳои зик- ргардида бояд дар таҳияи иншоотҳои гидроэнергетикӣ чӣ тавре ки дар дигар кишварҳо таҷриба мешавад, ба инобат гирифта шаванд. • Идома додани кор дар самти вусъатдиҳии шабакаи иншоотҳои хурди гидроэнергетикӣ тавассути ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат бо мақсади аз миён бурдани норасоии нерӯи барқ дар минтақаҳои дурдасти кишвар. • Ба итмом расонидани таҳқиқоти фаннӣ ва иқтисодӣ ва ин- чунин арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НОБ-и Роғун. Шарҳи мухтасар | 27 Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 | Шарҳи мухтасар Меморандуми иқтисодӣ оид ба кишвар Шарҳи мухтасар | 29 Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 | Шарҳи мухтасар